Ссылки доступа

Назарбоев ба шоҳи Урдун ҷоиза дод


Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон гуфт, барандаи ҷоизаи "барои дунёи бидуни аслиҳаи ҳастаӣ ва амнияти саросарӣ", ки муассисаш худи вай аст, шоҳи Урдун Абдулло II шудааст.

Дар ин бора Назарбоев зимни қабули эътимодномаҳо аз сафирони кишварҳои хориҷӣ хабар додааст.

"Барои саҳмгузорӣ дар бунёди дунёи бидуни силоҳи ҳастаӣ ман қарор кардам, ки ҷоизаи махсус муқаррар кунам", - гуфтааст Назарбоев.

Президенти Қазоқистон ҳамчунин гуфтааст, барои эъто кардани ин ҷоиза кумитаи махсусе низ таъсис ва ҳамасола ҷоизаи мазкур 29 август - дар рӯзи баста шудани полигони ядроии Семипалатинск ба ғолибонаш расонида мешавад.

XS
SM
MD
LG