Ссылки доступа

Азми Тошканду Остона барои таҳкими муносибатҳои дуҷониба


Шавкат Мирзиёев, иҷрокунандаи вазифаи президенти Ӯзбекистон 10 октябри соли равон бо Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон телефонӣ суҳбат кардааст. Ин гуфтугӯ бо ташаббуси ҷониби Остона сурат гирифтааст.

Раҳбарони ду давлат рафти иҷрои созишномаҳоеро баррасӣ карданд, ки дар мулоқоти ахири сатҳи олӣ имзо шуда, рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, нақлиёту иртибот, фарҳанг ва соҳаҳои дигарро дар бар мегиранд.

Ҷонибҳо ба натиҷаи сафари кории ҳайатҳои Ӯзбекистону Қазоқистон дар сатҳои гуногун ва имзои шартномаҳои муҳими тиҷорӣ дар самтҳои афзалиятнок баҳои баланд дода, ҳамчунин дар бораи як қатор масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ табодули назар карданд.

Мирзиёев ва Назарбоев созиш кардаанд, ки муносибатҳои дуҷониба дар тамоми соҳаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн рушд ва равобити дӯстонаву ҳамсоядории нек минбаъд таҳким дода шавад.

XS
SM
MD
LG