Ссылки доступа

Таҳкими чораҳои амниятӣ дар масҷидҳои Душанбе (видео)


Намозгузорони масҷиди ҷомеаи Душанбе дар оянда аз дохили дастгоҳҳое мегузаранд, ки мавҷудияти абзорҳои таркандаро нишон медиҳанд.Ин дастгоҳҳои кашфи ҷисмҳои металлиро, ки ба масҷиди Ҳоҷӣ Яъқуб овардаанд, ба зудӣ дар даромадгоҳҳо насб хоҳанд кард.

Тақвияти тадобири амниятӣ дар масҷиди марказии Душанбе бар пояи қарори шаҳрдори пойтахт, ки чанде пеш имзо шуд, сурат мегирад. Ҳукумати шаҳри Душанбе низ мегӯяд, ки иқдоми мазкур дар асоси қонуни зидди терроризм гирифта шуда, танҳо ба масҷиди марказӣ дахл надорад.

Ҳадафи қарор "таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон дар масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта" гуфта шудааст.

Ҷамолиддин Хомӯшӣ, раҳбари шӯъбаи фатвои Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон гуфт, "баъди гирифтани чунин дарвоза ва насби онҳо, назорат ба зиммаи кормандони мақомот ва худи масҷид хоҳад буд".

Ба ҷуз ин, дар масҷиди Ҳоҷӣ Яъқуб дурбин ё камераҳои иловагие низ насб хоҳанд шуд, ки равуои мардум ва ҳаргуна ҳаракатро 24 соати шабонарӯз зери назорат мегирад. Ин дар ҳолест, ки бархеҳо насби камераҳои назорати доимиро дар масҷид нақзи ҳуқуқи динии мардум ва назорати ҳар қадами диндорон меноманд.

Мақомоти Тоҷикистон пайваста аз хатари афзояндаи гурӯҳи "Давлати исломӣ" ва созмонҳои дигари тундрав ба кишвар ҳушдор дода, мегӯянд, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ то кунун аз даҳҳо амали террористӣ, аз ҷумла бомбгузорӣ пешгирӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG