Ссылки доступа

Путин баъди сарнагунии Су-24 бори аввал ба Туркия рафт


Владимир Путин, президенти Русия барои ширкат дар Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ ба шаҳри Истамбули Туркия рафт.

Ин нахустин сафари Путин ба Туркия баъди сарнагун шудани ҳавопаймои ҷангии Су-24 Русия аз тарафи нерзҳои Туркия аст. Тавре интизор меравад, дар ин сафар бо президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон низ мулоқот кунад.

Ҳавопаймои Су-24-и Русия моҳи ноябри соли гузашта дар наздикии марзи Туркияву Сурия сарнагун карда шуд. Яке аз сарнишинҳои Су-24 низ кушта шуд. Мақомоти Туркия гуфтанд, Су-24 ҳарими ҳавоии Туркияро рахна кардааст. Аммо Русия ин айбҳоро рад ва нисбати Туркия таҳрим эълон кард.

27 июни соли ҷорӣ Эрдуғон ба Путин нома навишта, аз кушта шудани низомии рус изҳори таассуф кард. Баъди ин Кремл қисме аз таҳримҳоро бардошт. Моҳи августи соли ҷорӣ Путин ва Эрдуғон баъд аз он ҳодиса бори аввал дар Петербурги Русия мулоқот карданд.

XS
SM
MD
LG