Ссылки доступа

Ба боғи ҳайвоноти Тошканд бори аввал зарофа оварданд


Сомонаи боғи ҳайвонот менависад, ки ин зарофа аз боғи ҳайвоноти Алмаатои Қазоқистон фиристода шудааст.

"Боғи ҳайвоноти Алмаато розӣ шуд, ки зарофаи сесолаи Аламауро барои мо фиристад. Волидони Аламауро аз ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ соли 2003 овардаанд. Аз он замон то кунун аз ин ҷуфти зарофаҳо 12 насл ба бор омадааст. Алатау сиҳату саломат то Тошканд расидааст ва ҳоло ба манзили наваш мутобиқ мешавад", - навиштааст сомона.

XS
SM
MD
LG