Ссылки доступа

Иттиҳоди Аврупо аз болоравии хатари тундгароӣ дар минтақа нигарон аст


Раҳбари намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон Ҳидоят Бишчевич, вазъияти кишварҳои Осиёи Марказиро дар масоили тундгароӣ ва ифротгароӣ, "хеле нигаронкунанда" гуфт.

Ҳидоят Бишчевич ин матлабро рӯзи сешанбеи 11 октябр зимни суханронӣ дар ҳамоиши байналмилалии “Роҳҳои ҳалли мушкилоти тундгароӣ ва ифротгароӣ – назари Осиёи Марказӣ”, баён кард. Вай ин мавзуъро ба ҳаммарз будани ин кишварҳо бо Афғонистон марбут донист ва гуфт, ки “вазъияти мавҷуд дар Афғонистон хоҳу нохоҳ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба хусус Тоҷикистон таъсири амиқи худро мегузорад”.

Бишчевич роҳҳои ҷилавгирӣ аз ин вазъиятро пешниҳод кард ва гуфт, ки тариқи густариш додани демократия дар кишвар метавон аз тундгароӣ ва ифротгароӣ ҷилавгирӣ намуд. Вай гуфт, Тоҷикистон, ки таҷрибаи талхи ҷанги дохилиро дошт, дар мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм метавонад ин таҷрибаро истифода кунад .

Ҳамчунин Ҳидоят Бишчевич ба ҳамкории ҷомеаи маданӣ бо давлати Тоҷикистон дар мубориза алайҳи тундгароӣ таъкид кард ва гуфт, “ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд бетараф набошад ва ба давлати Тоҷикистон дар мубориза бо тундгароӣ мусоидат ва ҳамкорӣ кунад”.

XS
SM
MD
LG