Ссылки доступа

Харобкорон ёдгории Болгари қадимиро вайрон карданд


Дар остонаи Рӯзи Поси Хотир, ки дар Тотористон ба муносибати ишғоли Қазон аз сӯи нерӯҳои Русия дар соли 1552 таҷлил мешавад, ашхоси ношинос сангҳои пойдевори калисои Успенскиро дар шаҳраки Болгар хароб кардаанд. Дар ин бора роҳбалад Айрат Хатмулло хабар медиҳад.

"Ин сангҳо, ки ҳангоми сохтани калисо истифода шудаанд, навиштаҷоти рӯяшон ҳамеша хонда мешуд. Акнун он хатҳо пок шудаанд. Ин ҳам дар ҳоле, ки ҳамаи иншооти ин мавзеъ аз сӯи ЮНЕСКО муҳофизат мешавад. Чанде қабл харобкорон қабри мусалмонҳоро дар қабристони Қазон хароб карданд. Ман фикр мекунам, ки ҳамон як гуруҳ дар ҳамаи ин корҳо даст дорад. Ба фикри ман, ин масхара кардани мусалмонҳост. На танҳо ман, сайёҳон низ аз рафтори харобкорон дар ҳайратанд", - мегӯяд Айрат Хатмулло.

Калисои Успенски дар Болгар солҳои 1732-1734 сохта шудааст. Дар сохтмони калисо сангҳои дорои навиштаҷоти арабӣ ва арманӣ истифода шудааст. Дар наздикии калисои мазкур Масҷиди ҷомеъ, оромгоҳҳои Шимол ва Шарқ, инчунин қасри Хон ҷойгир аст.

Болгар ё Булгар - шаҳри қадимӣ, пойтахти Болгари Волга аст, ки дар 200 - километрии Қазон бунёд шудааст.

XS
SM
MD
LG