Ссылки доступа

Мирзиёев пешниҳод дорад, ки зиндониён авф шаванд


Шавкат Мирзиёев, иҷрокунандаи вазифаи президенти Ӯзбекистон пешниҳод кард, ба муносибати Рӯзи Конститутсия, ки 8 декабр таҷлил мешавад, зиндониён авф шаванд.

Вай гуфтааст, дар доираи ин авф занони зиндонӣ, онҳое, ки ҳангоми содир кардани ҷиноят камтар аз 18 сол доштанд, мардони аз 60-сола боло, шаҳрвандони хориҷӣ ва зиндониёни маъюб озод шаванд.

Ин дар ҳолест, авфе, ки ба муносибати Рӯзи Конститутсия солҳои қаблӣ эълон мешуд, танҳо чанд рӯз пеш аз ҷашн хабараш дар расонҳо нашр мегардид.

XS
SM
MD
LG