Ссылки доступа

Додситонии кул: 90%-и тоҷикон аз Интернет ба ДИ пайвастаанд


Ба иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, 90%-и шаҳрвандони кишвар, ки дар сафи "Давлати исломӣ" (ДИ) дар Ироқу Сурия меҷанганд, ба воситаи Интернет ҷалб шудаанд.

Маризо Халифаев, як масъули Додситонии кул зимни ҳамоиши "Роҳҳои ҳалли тундгароӣ – назари Осиёи Марказӣ" дар Душанбе гуфт, "85%-и ҷангиёни тоҷик муҳоҷироне ҳастанд, ки аз Русия ба созмонҳои тундгаро пайвастаанд".

Ба гуфтаи вай, рӯз аз рӯз бадтар шудани вазъи Афғонистон низ яке аз омилҳои паҳн шудани ақидаҳои тундгароёна дар Осиёи Марказӣ, бахусус Тоҷикистон аст.

"Дар стратегияи давлати Тоҷикистон барои муқобила бо зӯроварӣ ва тундгароӣ, ки ҳамроҳ бо Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо ва ниҳодҳои байналмилалии дигар таҳия мешавад, масъалаи омӯзишу парвариш дар заминаи ҷилавгирӣ аз тундгароӣ ва ифротгароӣ муҳим дониста шудааст", - меафзояд Халифаев.

Ин масъули Додситонии кулли кишвар инчунин зикр кардааст, ки созгорӣ ё ҳамзистии намояндагони мазҳаб ва адёни гуногун яке аз роҳҳои дигари мубориза зидди ифротгароӣ аст.

XS
SM
MD
LG