Ссылки доступа

Русия дигарбора бомбаборони Ҳалабро оғоз кард


Нерӯҳои ҳавоии Русия баъди чанд рӯзи оромии нисбӣ бомбаборони қисмати шарқии Ҳалаби Сурияро, ки дар дасти шӯришгарон аст, дубора оғоз кардаанд.

Ба иттилои Дидбони ҳуқуқи башари Сурия, дар минтақаҳои Бустон ул-Қаср ва Фардос дасти кам 8 сокини осоишта ҷон додаанд. Дар ин минтақаҳои Ҳалаб на камтар аз 250 ҳазор одам ба муҳосира гирифта шудаанд.

"Инҳо баъди азми артиши Сурия барои коҳиши бомбаборони шарқи Ҳалаб сахтарин зарбаҳои ҳавоии Русияанд", - гуфтааст Ромӣ Абдураҳмон, раиси Дидбони ҳуқуқи башари Сурия.

Нерӯҳои режими Сурия 5 октябр бо эълони коҳиши бомбаборони шарқи Ҳалаб сокинони осоиштаро даъват карданд, ки аз шӯришгарон фосила гиранд.

Ба ҳисоби созмон, аз оғози амалиёти нерӯҳои ҳукумати Сурия бо дастгирии Русия барои бозпас гирифтани Ҳалаб инҷониб на камтар аз 290 одам, ки бештарашон сокинони осоиштаанд, кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG