Ссылки доступа

Ҳамла ба маросими Ошӯро дар Кобул 14 кушта ба ҷой гузошт


Дар натиҷаи ҳамлаи шахси мусаллаҳ ба ширкаткунандагони маросими Ошӯро дар яке аз ибодатгоҳҳои Кобули Афғонистон ба камияш 14 нафар кушта шудаанд.

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии ин кишвар, 13 тани кушташудаҳо сокинони осоишта ва якеашон корманди пулис аст. Манбаъ ҳамчунин аз захмӣ шудани 36 нафари дигар хабар додааст.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати тандурустии Афғонистон иттилоъ медиҳад, ки дар пайи тирпаронӣ ба ҷамъи шиъагон 43 захмӣ ба беморхона интиқол ёфтаанд.

Ин ҳамла тақрибан соатҳои 8-и бегоҳи 11 октябр бо вақти маҳаллӣ сурат гирифта, шоҳидон гуфтаанд, ки нахуст таркиш ва баъдан садои тирро шунидаанд.

Дар аввал шумори ҳамлагарон се нафар гуфта мешуд, вале намояндагони пулис мегӯянд, нерӯҳои махсус баъди ҳозир шудан ба макони ҳодиса як нафарро нобуд кардаанд, ки оташ мекушод.

XS
SM
MD
LG