Ссылки доступа

Назарбоев бемор аст ва расман гуфта мешавад, шамол хӯрдааст


Сомонаи расмии президенти Қазоқистон хабар медиҳад, ки Нурсултон Назарбоев "шамол хӯрдааст" ва вай таҳти назорати табибон аст.

Дар бораи беморӣ ва табобати Назарбоев бори аввал аст, ки расман хабар дода мешавад.

Як рӯз пеш аз хабари бемории Назарбоев, хадамоти иттилоотии президенти Қазоқистон иттилоъ дода буд, ки вай бо иҷрокунандаи вазифаи президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ доштааст. Ҳамзамон, Назарбоев як рӯз пеш аз хабари бемориаш аз сафирони кишварҳои хориҷӣ эътимоднома қабул карда буд.

Бино бар хабари расонаҳо, Назарбоев мебоист 13 октябр ба Арманистон сафар кунад.

Назарбоеви 76-сола - яке аз дарозумртарин президентҳост. Вай аз декабри соли 1991 дар қудрат аст.

XS
SM
MD
LG