Ссылки доступа

Отамбоев: қирғизистониҳо ба буҳрон тобовар шудаанд


Душворӣ қирғизистониёнро ба ҳадде устувор кардааст, ки дигар мо метавонем аз ҳама гуна навъи буҳрон дар эмин бошем. Ин нуктаро Алмосбек Отамбоев, президенти Қирғизистон зимни маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ баён доштааст.

"Чанде пеш дар сомонаи яке аз кишварҳои хориҷ матлаби ҷолиберо хондам. Муаллиф гуфтааст, қирғизҳо бидуни нафту газ бо такя ба нерӯи худ тавонистанд, ки роҳи хешро пайдо кунанд. Ҳам давлат ва ҳам ҳар як шаҳрванд дар алоҳидагӣ. Аз ин рӯ, қирғизҳо аз буҳрон ҳарос надоранд. Аммо кишварҳое, ки аз ҳисоби манобеи нафту газ зиндагӣ доранд, маълум шуд ба чолишҳои буҳрони ҷаҳонӣ омода набудаанд. Онҳое, ки то дирӯз мегуфтанд, Қирғизистон як давлати нокому бе оянда аст, имрӯз худ иқрор мекунанд, ки буҳрони иқтисодӣ нишон дод, кӣ кӣ аст ва кӣ чи қадар арзиш дорад", - афзудааст Отамбоев.

Алмосбек Отамбоев ҳамчунин изҳор доштааст, ки маҳз бо шарофати фидокорӣ ва заҳматҳои тӯлонии шаҳрвандонаш Қирғизистон сол то сол устувортару моҳ аз моҳ пешрафтатар мешавад.

Зимни маросими мазкур ба 252 шаҳрванди Қирғизистон муокофти давлатӣ дода шудааст. Отамбоев ҳамчунин ба соҳибони мукофотҳо 10 ҳазор сомӣ ва ба оилаҳои шахсоне, ки баъди марг қадрдонӣ шудаанд, 20 ҳазор сомӣ тақдим кардааст.

XS
SM
MD
LG