Ссылки доступа

Қудратиҳои Русия манзили тоторҳоро дар Қрим ҷустуҷӯ кардаанд


Хадамоти федеролии амнияти Русия ё ФСБ имрӯз манзилҳои тоторҳоро дар Қрим ҷустуҷӯ ва як нафарро боздошт кардааст. Дар ин бора сомонаи "Қрим. Воқеиятҳо" хабар медиҳад.

Бино бар иттилои вакили дифоъ Зоир Смедляев, ФСБ манзили тоторҳоеро, ки аз ҳаҷ баргаштаанд, ҷустуҷӯ кардааст. Эҳтимол меравад, мақомоти қудратии Русия тоторҳои Қримро дар узвият ба гуруҳи мамнуи "Ҳизби Таҳрир" айбдор кунанд.

Баъди ғасби Қрим дар соли 2014 аз сӯи Русия дар ин нимҷазира манзили тоторҳои фаъол ва аъзои Маҷлис ба таври густарда кофту коб шуд. Вазорати корҳои хориҷии Украина таъқиби шаҳрвандони ин кишварро дар ҳудудҳои ғасбшуда маҳкум мекунад.

XS
SM
MD
LG