Ссылки доступа

Порлумони Ӯзбекистон авфи зиндониёнро тасдиқ кард


Порлумони Ӯзбекистон авфи зиндониёнро бахшида ба Рӯзи Конститутсияи ин кишвар, ки 8 декабр таҷлил мешавад, тасдиқ кард. Ахиран Шавкат Мирзиёев, иҷрокунандаи вазифаи президенти Ӯзбекистон пешниҳод кард, ки бархе аз зиндониён озод карда шаванд.

Ҳамакнун порлумони Ӯзбекистон ин пешниҳодро тасдиқ кард. Бар асоси ин авф занони зиндонӣ, онҳое, ки ҳангоми содир кардани ҷиноят камтар аз 18 сол доштанд, мардони аз 60-сола боло, шаҳрвандони хориҷӣ ва зиндониёни маъюб озод хоҳанд шуд.

Ин дар ҳолест, авфе, ки ба муносибати Рӯзи Конститутсия солҳои қаблӣ эълон мешуд, танҳо чанд рӯз пеш аз ҷашн хабараш дар расонаҳо нашр мегардид.

XS
SM
MD
LG