Ссылки доступа

Дар Тоҷикистон падариро бо ДНК муайян мекунанд (видео)


Нобоварӣ ба ҳамсар ва шак доштан ба падарии худ бархе аз мардони тоҷикро ба ташхисгоҳи ДНК мебарад ва як дастгоҳи хурду зоҳиран оддӣ сарнавишти даҳҳо хонаводаро дар Тоҷикистон муайян мекунад. Дар ҳашт моҳи аввали кораш ягона дастгоҳи ташхиси ДНК дар Тоҷикистон ба 40 баҳси оилавӣ нуқта гузоштааст.

Ташхиси ДНК дар Тоҷикистон моҳи январи имсол бо таъсиси Маркази ташхиси тиббии генетикӣ ба роҳ монда шуд. Дар аксар маврид даъвогарон мардоне ҳастанд, ки ба падари фарзанди худ буданашон шак доранд. Дар ин миён шумори муҳоҷироне ҳам зиёд будааст, ки баъди солҳои дурӣ аз ҳамсарон ба хотири исботи садоқати зан ва аз ӯ будани фарзанд мехоҳанд, аз ташхис гузаранд. Арзиши чунин ташхис 3500 сомонист.

Зубайда Кавракова, озмоишгар – генетики ин марказ мегӯяд, натиҷаҳои ташхис дар қариб ҳама маврид падари биологӣ будани мардонро исбот карда, ба нафъи занон анҷом шудааст. “Занҳо аксаран ба инҷо бо боварӣ меоянд. Онҳо бовар доранд, ки падари воқеии тифлашон марди даъвогар аст. Хеле кам буданд заноне, ки ба худ бовар надоштанд. Шояд аз 20 як нафар буд”, – афзуд ӯ.

ДНК-анализ: в отцовстве своего ребенка ошибается лишь одна женщина из 20
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:34 0:00

XS
SM
MD
LG