Ссылки доступа

Новак: сохтани "Маҷрои Туркия" соли 2017 шуруъ мешавад


Вазири энергетикаи Русия Александр Новак мегӯяд, сохтани лӯлаи гази "Маҷрои Туркия" дар Баҳри сиёҳ соли оянда шуруъ мешавад.

"Ҳамаи чизи барои сохтмон лозим аллакай муҳайёст", - афзудааст вай. Ба гуфтаи Новак, ин хат охири соли 2019 ба истифода дода хоҳад шуд. Лӯлаи гази мазкур то қисмати ҷанубу шарқи Аврупо мерасад ва эҳтимол аз ҳудуди Юнон гузарад.

Тарҳи ин лӯлаи газ ду сол пеш ба миён омада буд, аммо баъди сард шудани муносибатҳои Русияву Туркия дар соли гузашта, қатъ гардид. Акнун Москва ва Анқара талош доранд, ки дубора муносибатҳои иқтисодиашонро ба роҳ монанд.

Созишномаи бунёди лӯлаи гази "Маҷрои Туркия" аз сӯи президенти Русия Владимир Путин ва Раҷаб Эрдуғон, президенти Туркия ҳафтаи гузашта дар Истамбул имзо шуд.

XS
SM
MD
LG