Ссылки доступа

Ҳоҷиҳои боздоштшудаи Қримро "террорист" хонданд


Як гурӯҳ тоторҳои Қрим, ки баъди ҷустуҷӯи манзилҳояшон боздошт шудаанд, дар узвият ба созмонҳои террористӣ айбдор мешаванд.

Тавре вакили дифоъ Эмил Курбединов ба сомонаи "Қрим.Воқеиятҳо" хабар додааст, Хадамоти федеролии амнияти Русия манзили тоторҳоеро, ки аз ҳаҷ баргашта буданд, ҷустуҷӯ кардааст. Курбединов бовар дорад, ки мақомоти Қрими ғасбшуда боздоштшудаҳоро дар узвият ба созмони "Ҳизби Таҳрир" айбдор хоҳанд кард.

Баъди ғасби Қрим дар соли 2014 дар ин нимҷазира манзили тоторҳои Қрим ва аъзои Маҷлис ҷустуҷӯ шуд. Вазорати корҳои хориҷии Украина таъқиби шаҳрвандонашро дар ҳудуди Қрим маҳкум мекунад.

XS
SM
MD
LG