Ссылки доступа

Нигаронии СММ аз вазъи ҳомиёни ҳуқуқ дар Қирғизистон


Коммисари олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон аз афзоиши изҳороти манфӣ ва таҳдидҳои мақомоти давлатӣ нисбати ҳомиёни ҳуқуқ дар Қирғизистон изҳори нигаронӣ кардааст. Ин нигаронӣ дар иттилоияи намояндагии созмон дар Осиёи Марказии баён шудааст.

Бино ба хабарҳо, чанде пеш зидди ду ҳуқуқдони қирғиз барои иштироқ дар ҷаласаи Варшаваи САҲА, ки Қодирҷон Ботиров ҳам дар он ҳузур дошт, айб эълон кардаанд. Вакилони порлумони Қирғизистон ҳатто талаб карданд, ки куллан фаъолияти ҳомиёни ҳуқуқ баҳо дода шавад.

Коммисари олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон гуфтааст, аз соли 2015 инҷониб ҳомиёни ҳуқуқ дар Қирғизистон ҳадафи фишор қарор гирифта, ба ҷуз ин коргоҳ ва манзили онҳо дар Ош кофтукоб шудааст. Муносибат бо ҳомиёни ҳуқуқ дар шаҳри Ҷалолобод ошкоро душманона буда, тавре хабар додаанд, ҳуқуқшиноси маъруфро "душмани шаҳр" ва "хоин" хондаанд.

"Мақомоти қирғиз вазифадоранд, то аз ҳаққи ҳомиёни ҳуқуқ ба озодии баён, ибрози назар, ҷамъомадҳои осоишта ва анҷуманҳо ҳимоят кунанд, ки дар Эъломияи СММ оид ба ҳуқуқи башар ва Аҳдномаи байналмилали ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ дарҷ гардидааст ва Қирғизистон низ онро соли 1994 ба тасвиб расонд", - гуфтааст Ришард Коменда, намояндаи минтақавии Коммисари олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ.

Коменда зикр кардааст, ки Қирғизистон соли 2015 нахустин шуда дар минтақа аз Эъломияи СММ оиди нақши ҳомиёни ҳуқуқ ҷонибдорӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG