Ссылки доступа

Дар як моҳ 20 ҳазор шаҳрванд ба Мирзиёев муроҷиат кардаанд


Тайи беш аз як моҳ ба қабулгоҳи интернетии Шавкат Мирзиёев, иҷрокунандаи вазифаи президенти Ӯзбекистон, ки дар саҳифаи расмии ҳукумати ин кишвар "gov.uz" боз шуда буд, зиёда аз 20 ҳазор шаҳрванд муроҷиат кардааст.

Бино ба гуфтаи масъулони қабулгоҳи маҷозии Мирзиёев, бештари шаҳрвандон аз набудани пули нақд дар бонк, нерӯи барқ ва газ дар маҳалҳо шикоят карда, инчунин гуфтаанд, ки харидории мошин дар фурӯшгоҳҳо мушкил аст.

Ҳамчунин ҳазор муроҷиатномаи дигар дар мавриди мушкил гардидани дарёфти шиносномаи биометрӣ, иҷозаи будубош дар Тошканд ва қонуншиканиҳои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ворид шудааст.

Ба қабулгоҳи маҷозии иҷрокунандаи президенти Ӯзбекистон, ки 24 соати шабонарӯзу 7 рӯзи ҳафта фаъол аст, шаҳрвандон метавонанд оиди мушкилиҳои "ҳалношуда"-и худ бо рақамҳои 1000 ва 0-800-210-00-00 занг зананд ё нома бифристанд.

Ба ҷуз ин, дар Фейсбук саҳифаи махсусе боз шудааст, ки аз муроҷиатҳои шаҳрвандон ба қабулгоҳи маҷозии Шавкат Мирзиёев ва расидагӣ ба онҳо хабар медиҳад. Ваъда дода мешавад, ки тамоми ин шикоятҳо баррасӣ ва камбудҳо бартараф хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG