Ссылки доступа

Фаъолони қазоқ мегӯянд, парвандаи онҳо ангезаи сиёсӣ дорад


Баррасии парвандаи фаъолон Макс Бокаев ва Талгат Аян дирӯз дар додгоҳи Атирауи Қазоқистон идома ёфтааст.

Зимни мурофиа вакили мудофеи айбдоршавандаҳо Толепкал Аянов аз додрас хостааст, то рақами пулҳое, ки гӯиё Тохтар Тулошев, як соҳибкори Чимкент "барои баргузории таҷаммуи эътирозии ғайриқонунӣ" ба Талгат Аян додааст, тафтиш шавад.

Вале додрас Гулнора Даулешова дархости вакилро рад карда, гуфтааст, ки ба ин кор ниёзе нест, чун парвандаи Тулешовро додгоҳи дигар баррасӣ мекунад.

Баъдан марҳилаи тафтиши додгоҳӣ эълон ва додситон Содиқов айбномаи худро қироат кардааст. Айбномаи додситон ба он хулоса мешавад, ки Бокаев ва Аян бо истифода аз ВАО мардумро рӯзи 24 апрел ба тазоҳурот зидди ислоҳоти замин дар Атирау даъват карда, гӯиё бо ин роҳ ихтилофи иҷтимоиро барангехтаанд. Ин дар ҳолест, ки гумонбарон айбро зидди худро борҳо рад карда, мегӯянд, парвандаашон ангезаи сиёсӣ дорад.

"Дар Қазоқистон қонуне ҳаст, ки иҷозат медиҳад, то шаҳрвандон ҷамъомадҳои осоишта баргузор кунанд. Агар ин қонун амал намекунад, пас барои чӣ мавҷуд аст? Ман намефаҳмам, маро ба чӣ айбдор мекунанд?", - гуфтааст Макс Бокаев.

Талгат Аян дар навбати худ изҳор доштааст, ки "мо замини худро ҳимоя кардем ва ҳоло аз мо ҷинояткор месозанд".

XS
SM
MD
LG