Ссылки доступа

Антониу Гутерреш дабири нави СММ таъйин шуд


Маҷмааи умумии СММ рӯзи панҷшанбе сарвазири пешини Португалия Антониу Гутеррешро дабири кулли СММ таъйин кард.

Вай аз 1 январи соли 2017 ба иҷрои вазифаҳояш мепардозад. Дар кори Маҷмааи умумии СММ 193 давлат ширкат мекунанд.

Гутерреш, ки 67 сол дорад, намояндаи Куриёи Ҷанубӣ Пан Ги Мунро дар СММ иваз мекунад. Пан Ги Мун баъди ду давраи дабирӣ дар охири соли 2016 барканор мешавад.

Гутерреш дар солҳои 1995-2000-ум сарвазири Португалия буд. Вай ҳамчунин солҳои 2005-2015 дар СММ ба ҳайси Комиссари олӣ дар умури гурезагон фаъолият кардааст.

XS
SM
MD
LG