Ссылки доступа

Путин ҳузури бемуҳлати пойгоҳи Русияро дар Сурия қонунӣ кард


Владимир Путин, президенти Русия қонуни тасвиби созишнома дар бораи ҳузури бемуҳлати пойгоҳи низомии кишварашро дар Сурия имзо кард. Дар ин бора хабаргузории РИА-Новости иттилоъ медиҳад. Пештар аз ин вакилони Думаи давлатӣ ва аъзои Шӯрои Федератсия ин созишномаро писандида буданд.

Дар созишнома гуфта шудааст, ки нерӯҳои ҳавоии Русия дар фурудгоҳи низомии Хмеймим ва Латақиёи Сурия бо дархости Димишқ ҷойгир карда шудаанд. Фурудгоҳҳои низомӣ ва иншооти атрофашон ройгон ба ихтиёри Русия дода шудаанд.

Роҳбари кумитаи байналхалқии Шӯрои Федератсияи Русия мегӯяд, ин созишнома бо Сурия зидди кишварҳои севум равона нашуда, танҳо барои мудофиа аст. Виктор Озеров пойгоҳи ҳавоии Русияро "саҳми мушаххас"-и Кремл дар талошҳои дастёфт ба эътидоли Сурия номид.

XS
SM
MD
LG