Ссылки доступа

Эрдуғон давраи нави амалиёти "Сипари Фурот"-ро эълон кард


Раҷаб Эрдуғон, президенти Туркия эълон кардааст, ки марҳалаи нави амалиёти "Сипари Фурот" дар шимоли Сурия, дақиқтараш ҳамла ба шаҳри муқаддаси мусулмонон - Дабиқи Ҳалаб оғоз шудааст.

Ин изҳороти Эрдуғон ҳамзамн бо мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Русия, ИМА ва чанд кишвари Ховари Миёна, ки 15 октябр дар Швейтсария шуруъ шуд, садо дод. Намояндагони ин кишварҳо роҳҳои коҳиши шиддати вазъ дар минтақаро баррасӣ карданд.

Дар ин байн ҷангҳо дар Ҳалаби Сурия барои ғасби минтақаҳои шарқии шаҳр пурзӯр шуда, ҳамлаи артиши президент Башор Асад бо дастгирии нерӯҳои ҳавоии Русия ба мухолифони мусаллаҳ идома дорад.

XS
SM
MD
LG