Ссылки доступа

Ӯзбекистону Қирғизистон протоколи сарҳадӣ имзо карданд


Аз 5 то 14 октябр дар Андиҷон ва Фарғонаи Ӯзбекистон мулоқоти гуруҳҳои ҳукуматии Қирғизистону Ӯзбекистон баргузор шуд. Ин гуруҳҳо масъалаи муайян ва аломатгузорӣ кардани марзи давлатии ду кишварро баррасӣ намуданд.

Дар рафти мулоқот гуруҳҳо 55 минтақаи баҳсии марзиро дар наздикиҳои вилоятҳои Намангон, Андиҷон ва Фарғонаи Ӯзбекистон, ки бо вилоятҳои Ҷалолобод, Ӯш ва Ботканди Қирғизистон ҳамсарҳад ҳастанд, аз назар гузаронидаанд.

Дар поёни мулоқот ҷонибҳо протокол ба имзо расонидаанд.

XS
SM
MD
LG