Ссылки доступа

Дар Тоҷикистон симкортҳои фурӯхташударо дубора сабт мекунанд


Анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон мегӯяд, раванди сабти дубораи симкортҳо то 1 апрели соли 2017 идома ёфта, ҳадафи асосии он аз байн бурдани рақамҳои ғайрифаъол аст.

Охири соли гузашта муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) дар порлумон ибрози нигаронӣ карда буд, ки баъзе аз симкортҳои кишвар ба дасти ҷангиёни Толибон афтодааст. Аз ин рӯ, ба гуфтаи вай, 7 миллион симкорти фурӯхташуда аз нав ба қайд гирифта мешаванд.

Ғафурҷон Эркаев, раиси Анҷумани ширкатҳои мобилӣ далели ин иқдомро ба боло рафтани ҳаққи хизматрасонӣ ва ба тартиб даровардани тарзи истифодаи симкортҳо марбут донист.

Ӯ гуфт, "қаблан ба далели арзон будани арзиши иҷораи рақамҳои мобилӣ ва NGN ҳаққи онро ширкатҳои мобилӣ пардохт мекарданд. Аз ин лиҳоз, бархеи муштариён ду ва зиёда аз он симкорт доштанд. Баъди боло рафтани ҳаққи иҷораи рақамҳо, пардохти ин маблағ ба ӯҳдаи муштариён вогузор шуд, ки дар натиҷаи шумори онҳоро якбора коҳиш дод".

Мансур Умаров,муовини раиси Кумитаи амнияти Миллии Тоҷикистон гуфтааст, 70 дарсади симкортҳо дар ҳолатҳои номуайян фурӯхта шуданд ва бояд аз нав ба қайд гирифта шаванд. Муштариёне, ки аз қайди дубора саркашӣ мекунанд, аз симкорти худ маҳрум хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG