Ссылки доступа

Дидори Комилов бо дабири кулли Созмони ҳамкориҳои исломӣ


Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов бо дабири кулли Созмони ҳамкориҳои исломӣ Иёд Амин Маданӣ мавзӯъҳои ҷаласаи 43-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узвро, ки 18 октябр дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, баррасӣ кард.

Интизор меравад вазирони корҳои хориҷии 26 кишвари узв дар Созмони ҳамкориҳои исломӣ дар кори ҷаласа ширкат варзанд. Ҳамчунин гуфта мешавад, дар кушоиши ҷаласа иҷрокунандаи вазифаи президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суханронӣ хоҳад кард.

Дар поёни ҷаласаи 43-ум Эъломияи Тошканд қабул ва масоили асосии сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиву башардӯстонаи ҷаласаи Созмони ҳамкориҳои исломӣ дар он эъломия зикр мешаванд.

XS
SM
MD
LG