Ссылки доступа

Дар Қирғизистон мурдаи зани масеҳиро ба қабристон роҳ надоданд


Сокинони деҳаи Сари-Талааи Ҷалолободи Қирғизистон ва имомони маҳал ба наздикони ҳамдеҳаи худ Канигул Сотиболдиева иҷозат надодаанд, ки ҷасади ӯро дар қабристони маҳаллӣ дафн кунанд. Онҳо гуфтаанд, ки марҳум пайрави мазҳаби масеҳӣ буд ва ӯ бояд дар макони дигар ба хок супорида шавад.

Канигул Сотиболдиеваи 76-сола субҳи 13 октябр даргузаштааст. Духтараш Жилдиз Азаева баъди он ки сокинони Сари-Талаа нагузоштанд, то модарашро дар қабристони деҳа дафн кунад, барои кумак ба ҳокимият ва вакилони маҷлиси маҳаллӣ муроҷиат кардааст.

Зидди дафни ин зан дар қабристони маҳаллии мусулмонон нахустин шуда имом-хатиби ноҳия садо баланд намудааст. Вай 14 октябр мардумро ҷамъ карда, аз Жилдиз Азаева хостааст, то Исломро қабул кунад. Бархеи гирдиҳамомадагон ҳамчунин сӯи Жилдиз санг зада, талаб кардаанд, ки ӯ муҷозот шавад.

"Онҳо аз ман талаб карданд, ки аз масеҳият рӯй гардонам ва Исломро қабул кунам. Ин ҳамаро ба навор мегирифтанд. Ман ҳам ба хотири модарам розӣ шудам. Маро айнан маҷбур мекарданд, ки қабул кунам, то ин ба дигарон дарси ибрат шавад. Баъди қабули Ислом аз онҳо пурсидам, ки акнун барои дафни модарам иҷозат медиҳанд, чун ҷасад се рӯз аст хобидаасту аллакай кам кам бӯй ҳам мекунад. Вале гирдиҳамомадагон ҷавоби рад доданд ва гуфтанд, ки модаратро дар ҳавлии худат дафн кун. Ин рӯзро инсон ҳатто ба душманаш орзу намекунад", - мегӯяд Азаева.

Ҳоҷӣ Шумкар Чиналиев, имом-хатиби ноҳия дар навбати худ масхара шудани Жилдиз Азаеваро рад карда, суҳбати ҳамдеҳаҳо бо духтари Сотиболдиеваро "кори фаҳмондадиҳӣ" унвон мекунад.

Тавре маълум гардид, ҷасади Канигул Сотиболдиеваро билоахира дар қабристони деҳаи дигар ба хок супоридаанд. Вале дар пайи эътирози сокинони деҳа ҷасадро дубора аз хок берун оварда, дар қабристоне дафн кардаанд, ки онҷо бархе аз парйравони дигари масеҳият хок шудаанд.

XS
SM
MD
LG