Ссылки доступа

Баррасии парвандаи Азимҷон Аскаров ба таъхир афтод


Баррасии парвандаи ҳуқуқшиноси ӯзбектабори Қирғизистонр Азимҷон Аскаров, ки қарор буд, имрӯз идома ёбад, ба иллати бемории додрас Кидик Ҷунушпаев ба 25 октябр вогузор шуд. Дар ин бора хадамоти матбуотии додгоҳ иттилоъ додааст.

Ин дар ҳолест, ки қаблан гуфтанд, мурофиаҳои Аскаров ҳар рӯзи сешанбе баргузор хоҳад шуд. Азимҷон Аскаров зимни мурофиаи ахир дар мавриди бегуноҳиаш бо Қуръон қасам ёд карда, гуфт, ҳозир аст, то назди дастгоҳи дуруғсанҷ бегуноҳиашро собит кунад.

Ба ҷуз ин, вакилони дифои ӯ аз додгоҳ хостанд, ки бо тағйири қарори ҳабси зерҳимояашон парвандаро ба тафтиши иловагӣ фиристад. Вале додгоҳ ин дархостро рад кард.

Азимҷон Аскаров, ҳомии ҳуқуқ ва сокини ӯзбектабори ноҳияи Бозор-Қурғони Қирғизистон баъд аз ҷанги қирғизҳо ва ӯзбекҳо дар моҳи июни соли 2010 бо гумони ташкили бетартибиҳо ва ҳамдастӣ дар қатли як корманди пулис боздошт ва бо қарори тамоми зинаҳои додгоҳӣ ба ҳабси абад маҳкум шуд.

Моҳи апрели соли 2010 Кумитаи ҳифзи ҳуқуқи инсони СММ аз ҳукумати Қирғизистон хост, Аскаровро аз зиндон раҳо ва айбномаҳои ӯро бекор кунад. 12 июл Додгоҳи олии ин кишвар парвандаи Аскаровро барои бозбинӣ ба додгоҳи вилояти Чуй фиристод.

XS
SM
MD
LG