Ссылки доступа

ИМА: қарори "танаффус"-и Москва дар Ҳалаб дер расид


Нақшаи Русия барои манъи 8-соатаи бомбарони Ҳалаб, ки имкон медиҳад аҳолии осоишта ва шӯришиён ин шаҳрро тарк кунанд, метавонист қарори хуб бошад, аммо хеле дер эълон шуда, нокофист, мегӯяд намояндаи расмии Департаменти давлатии ИМА Марк Тонер.

Ахиран ситоди кулли Русия эълон кард, ки 20 октябр дар бомбаборони шаҳри Ҳалаб "танаффус" эълон мекунанд, то сокинони осоишта шаҳрро тарк намоянд. СММ гуфт, аз ҳама навъи танаффуси амалиёти низомӣ дар Ҳалаб истиқбол мекунад. Аммо ин созмон мегӯяд, барои расонидани кумаки башардӯстона ба аҳолии шаҳр танаффуси на камтар аз 48 -соата лозим аст.

Иттиҳоди Аврупо ҳамлаҳои ҳавоии Русия ва артиши Сурияро, ки сокинони осоиштаро ба ҳалокат мерасонанд, маҳкум кард. Дар изҳороти Иттиҳоди Аврупо омадааст, ки бомбаборони ҳадафмандонаи беморхонаҳо, мактабҳо ва дигар иншооти шаҳриро бо истифода аз силоҳи кимиёвӣ ва дигар бомбаҳои мамнуъ, метавон ба "ҷинояти ҷангӣ" баробар кард.

Ҳафтаҳои охир нерӯҳои ҳукуматии Сурия бо кумаки Русия ҳамла ба шарқи Ҳалабро дубора шиддат бахшиданд. Ин қисмати шаҳр дар ихтиёри шӯришиён аст. Ҳамлаҳои ҳавоӣ аллакай боиси ҳалокати даҳҳо нафар шудааст.

20 сентябр дар Ҳалаб корвони мошинҳои кумакҳои башардӯстонаи СММ тирборон шуданд. Дар ин ҳамла на камтар аз 20 одам кушта шуд. Мухолифони Сурия, ИМА ва Иттиҳоди Аврупо Русияро дар ин ҳамлаҳо айбдор карданд. Аммо Москва даст доштанашро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG