Пештар аз ин Трамп гуфта буд, ки аз Путин хушаш меояд.
Танҳо мушкил, ба гуфтаи Трамп, дар он аст, ки Путин нисбати президенти кунунии ИМА Барак Обама эҳтиром қоил нест. Ба гуфтаи вай, дар воқеъ як вазъияти хатарноке ба вуҷуд омадааст.
"Агар ман 8 ноябр дар интихобот пирӯз шавам, метавонам то маросими савганд бо Путин мулоқот дошта бошам", - афзудааст Трамп. Ин номзади мақоми президентии ИМА ҳамчунин гуфтааст, ки хилофкорӣ дар интихобот метавонад хатари ҷиддие барои ягонагии низоми интихоботии ИМА ба бор орад. Вай ҳушдор дод, ки натиҷаи раъйдиҳӣ мумкин аст, дар "қитъаҳои интихоботӣ" дигар карда шавад.