Ссылки доступа

Русия аз қатъи зарбаҳои ҳавоӣ дар Ҳалаб хабар дод


Русия мегӯяд, нерӯҳои ҳавоии ин кишвар ва Сурия бомбаборони Ҳалабро қатъ хоҳанд кард. Сергей Шойгу, вазири дифои Русия гуфтааст, зарбаҳои ҳавоӣ соати 10:00 ба вақти маҳаллӣ қатъ шуданд, то ҷангиён ва сокинони осоишта шаҳрро тарк кунанд.

Дар ҳамин ҳол, Дидбони ҳуқуқи башари Сурия мегӯяд, "ҳавопаймоҳои Русия баъди нимашаб мавзеъҳои шӯришгаронро дар Ҳалаб бомбаборон кардаанд".

Русия рӯзи душанбе гуфта буд, ки сар аз 20 октябри соли равон ҳамлаҳои ҳавоӣ ба Ҳалабро барои 8 соат қатъ хоҳад кард, то шӯришгарон ва сокинони осоишта тавонанд, аз шарқи шаҳр берун раванд.

СММ аз ин тасмими Кремл истиқбол кард, вале гуфт, 8 соат барои интиқоли кумакҳои башардӯстона ё ихроҷи сокинони осоишта кофӣ нест. Иёлати Муттаҳида ин пешниҳоди Русияро дар мавриди танаффуси 8-соатӣ "хеле кутоҳ ва каме бо таъхир" хонд.

XS
SM
MD
LG