Ссылки доступа

"Чаҳоргонаи нормандӣ" дар Берлин мулоқот мекунад


Имрӯз дар Берлини Олмон мулоқоти роҳбарони "чаҳоргонаи нормандӣ" - роҳбарони Олмон, Фаронса, Украина ва Русия баргузор мешавад. Намояндагони Олмон хабар медиҳанд, ки ҳамаи роҳбарон - аз ҷумла президенти Русия Владимир Путин дар мулоқот ширкат мекунад.

Ин нахустин сафари Путин ба Берлин баъди шуруъи низоъ дар шарқи Украина дар соли 2014, хоҳад буд. Ба гуфтаи президенти Фаронса, дар мулоқоти Берлин роҳҳои ҳалли низоъ дар шарқи Украина баррасӣ мешавад.

Ин мулоқот дар остонаи саммити Иттиҳоди Аврупо дар мавзуи муносибат бо Русия ва инчунин таҳримҳои зидди Москва, баргузор мешавад. Муҳлати таҳримҳои зидди Москва дар поёни соли ҷорӣ ба охир мерасад.

Саммити дурӯзаи Иттиҳоди Аврупо, тавре интизор меравад, нақши Русияро дар Сурия низ ба баррасӣ мегирад.

XS
SM
MD
LG