Ссылки доступа

Боздошти шаҳрванди Русия бо гумони ҳамла ба сомонаҳои ИМА


Дар Прагаи Чехия як шаҳрванди Русия бо гумони анҷоми ҳамлаҳои киберӣ ба сомонаҳои ИМА боздошт шудааст. Пулиси Чехия аз зикри ному насаби ин шаҳрванди Русия худдорӣ карда, танҳо мегӯяд, ки ӯро Интерпол низ меҷуст.

"Шахси гумонбар дар натиҷаи ҳамкорӣ ва амалиёти муштараку комёбонаи кормандони Шуъбаи тафтишоти ҷиноии пулиси Чехия бо Бюрои федеролии тафтишотии ИМА дастгир ва бо қарори додгоҳи шаҳрии Прага ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд", - омадааст дар иттилоияи пулис.

Шаҳрванди Русияро дар тарабхонаи яке аз меҳмонхонаҳои марказии Прага боздошт кардаанд. Боздошт барои ӯ ба андозае ногаҳонӣ буд, ки ҳангоми он аз ҳуш рафт ва барояш ёрии тиббӣ расонда шуд. Ҳоло додгоҳи Чехия бояд масъалаи истирдоди ӯро ба ИМА баррасӣ кунад. Мақомоти рус то ҳол ин қазияро шарҳ надодаанд.

Ибтидои моҳи октябри соли равон ҳукумати ИМА Русияро ба анҷоми ҳамлаҳои ҳакерии зидди Ҳизби демократ дар раванди интихоботи президентии ин кишвар айбдор кард. Мақомоти ИМА гуфтанд, сухан дар бораи рахнаи мукотиботи электронии сиёсатмадорони Амрико меравад, ки дар саҳифаҳои DCLeaks ва WikiLeaks нашр шудаанд. Аммо Москва ин иддаоро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG