Ссылки доступа

Дар Шаҳрисабз марди мусаллаҳ одамонро тирборон кард


Дар шаҳри Шаҳрисабзи Ӯзбекистон марде, ки ба тозагӣ аз зиндон раҳо шудааст, як марди 58-сола ва ду писарашро захмӣ кардааст.

Абдувалӣ Қаюмови 58-сола бо ду писараш - яке 29 ва дигарӣ 33-сола машғули таъмири мағоза будаанд, ки Ботур Ҳакимови аз зиндон раҳошуда сӯи онҳо тир кушодааст. Захмиҳоро дар беморхонаи шаҳрӣ бистарӣ карданд.

Ботур Ҳакимов, ки бо лақаби Ботур-сиёҳ маъруф аст, бо айби куштор ва дигар ҷиноятҳо пештар се бор суд шудааст. Рӯзи ҳодисаи тирпарронӣ, Ботур аз падар ва писаронаш барои дастшӯӣ об хостааст. Аммо яке аз тирхӯрдаҳо гуфтааст, ки об надоранд. Бо ҳамин миёни Ботур-сиёҳ ва Қаюмовҳо ҷанги лафзӣ бархостааст, ки дар натиҷа Ботур якеро аз шикам ва дуи дигарро аз пояшон захмӣ кардааст.

Дар ҳоли ҳозир Ботур-сиёҳ боздошт шуда, тафтишот нисбати вай идома дорад. Ботур гуфтааст, туфангро аз як ошнояш дастрас кардааст. Дар робита ба нигаҳдории туфанги ғайриқонунӣ ду шаҳрванди дигари Ӯзбекистон низ боздошт шудаанд.

XS
SM
MD
LG