Ссылки доступа

Дар Тошканд барномаи ҳамкориҳои дусолаи Қирғизистону Ӯзбекистон имзо шуд


Дар Тошканд барномаи ҳамкориҳои байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ӯзбекистону Қирғизистон барои солҳои 2016-2017 ба имзо расид. Дар ин бора сомонаи вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон хабар медиҳад.

Тавре дар сомона навишта шудааст, вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон имрӯз бо ҳамтои қирғизаш, ки барои ширкат дар ҷаласаи Шӯрои вазирони хориҷии Созмони ҳамкориҳои исломӣ ба Тошканд омадааст, мулоқот кард.

Дар ҷараёни ин дидор вазири қирғиз бо ҳамтои ӯзбекаш ҳамкориҳои ду кишварро баррасӣ кардаанд.

Дар поёни мулоқот барномаи ҳамкориҳо ба имзо расидааст.

XS
SM
MD
LG