Ссылки доступа

Даъвати HRW аз Ишқобод барои таҳқиқи марги Аннамуродов


Созмони байналмилалии ҳуқуқи инсон Human Rights Watch (HRW) бо нашри як изҳорот аз ҳукумати Туркманистон хостааст, то қазияи марги Алтимурод Аннамуродов таҳқиқ шавад.

Дар ин бора расонаҳои хабарии Туркманистон иттилоъ додаанд.

Алтимурод Аннамуродов - бародари Чорӣ Аннамуродов, рӯзноманигори туркмантабор аст, ки шаҳрвандии Швейтсарияро дорад. Чорӣ пештар дар Радиои Озодӣ кор мекард. Худи Чорӣ Аннамуродовро моҳи июли соли равон мақомоти Белорус бо дархости Ишқобод боздошт карда буданд.

HRW дар изҳороташ он замон гуфта буд, ки таҳримҳои эълонкардаи мақомоти Туркманистону Белорус зидди шаҳрванди Швейтсария номақбуланд. "Агар Аннамурод ба Туркманистон бозпас фиристода шавад, ӯ ногузир қурбони зулму истибдод хоҳад шуд", - омада буд дар изҳороти созмон. Чорӣ Аннамуродов баъди ду моҳ аз боздоштгоҳи Минск озод шуда, ба Швейтсария баргашт.

"Марги Алтимурод Аннамуродов ба қазияи маҳбуси сиёсие шабоҳат дорад, ки мақомот натавонистанд, истирдодаш кунанд. Мақомоти Туркманистон солҳост, ки Чорӣ Аннамуродов ва наздикони ӯро таъқиб мекунанд. Зоҳиран, бародари вай қурбони ин моҷароҳо шудааст", - гуфтааст Рейчел Денбер, муовини раҳбари HRW дар умури Аврупо ва Осиёи Марказӣ.

Алтимурод 4 сентябри соли равон даргузашт. 4 рӯз қабл аз ин ҳодиса ӯро афроди ношинос рабуда буданд. Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ вай бо аломатҳои шиканҷа ба хонааш баргашт ва гуфт, ки одамрабоён ӯро зери мушту лагад қарор дода, дар бораи бародараш пурсидаанд. Вай баъди ду рӯзи лату кӯб фавтид.

XS
SM
MD
LG