Ссылки доступа

Зуҳуров ба раиси Бонки миллӣ: "мушкилро то охири сол ҳал кунед!"


Мушкили дастрасӣ ба маблағҳои бонкиву гирифтани пули нақд аз сурат-ҳисобҳо, ки ба масъалаи доғи чанд моҳи ахири сокинони Тоҷикистон табдил шудааст, рӯзи 26 октябр баҳси доғеро дар парлумони Тоҷикистон эҷод кард. Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон аз раҳбарияти Бонки миллии кишвар хост, ин мушкилро то ахири сол бартараф кунанд.

“Одамҳо солҳо пул ҷамъ карда, дар бонк амонат гузоштанд, ки барои фарзандашон, масалан, хона харанд. Вале имрӯз бонк мераванд, то пулашонро бигиранд, бонк мегӯяд,“баъди як ҳафта биё, 500 сомонӣ бигир”. Ҳамон ду бонке, ки медонед (манзур “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк”, ки пули муштариёнашонро пардохт карда наметавонанд), ҳоло дар ҳамин вазъият ҳастанд”, гуфтааст Зуҳуров дар хитоб ба Ҷамшед Нурмуҳамадзода.

Зуҳуров аз Нурмуҳаммадзода тақозо кард, ки то ахири соли равон мушкилро ҳал кунанд, вагарна бонкҳои дигар низ ба ҳамин ҳол гирифтор хощанд шуд. Дар посух ба талаби раиси маҷлис Нурмуҳамадзода гуфт, 57 фоизи қарзҳои ба мардум додашуда проблемавӣ буда, бонкҳо дар баргардонидани пулҳояшон аз мардум дучори мушкил шудаанд.

Нурмуҳаммадзода афзуд, барои ҳалли мушкилоти бонкҳои тиҷоратии кишвар бо раҳбарии нахуствазир ва муовини аввали ӯ гурӯҳи корӣ таъсис ёфтааст, ки инак се моҳ боз фаъолият дорад. Ба гуфтаи ӯ, пешниҳодҳои ин гурӯҳи корӣ барои эътидоли вазъи бонкҳо ба унвонии ҳукумат фиристода шудаанд.

Палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон бо ин ҳол, қонун “Дар бораи хидматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохт”-ро бо аксаритяи оро қабул кард. Ин қонун дар баробари танзими масоили пардохти пул, ваколатҳои Бонки миллиро бештар мекунад. Аз ҷумла, тамоми сохторҳои интиқоли пул, назири "Вестерн Юнион", "Анелик", "Мани Грам" бояд барои фаъолият дар Тоҷикистон аз Бонки миллӣ иҷозатнома гирад.

XS
SM
MD
LG