Ссылки доступа

Русия маълумоти суқути МН17-ро дар ихтиёри Нидерландия гузошт


Русия маълумот дар бораи суқути ҳавопаймои MH17-и ширкати ҳавопаймоии Малайзияро, ки июли соли 2014 дар шарқи Украина суқут кард, ба ихтиёри Нидерландия гузошт. Дар ин бора расонаҳои Нидерландия хабар медиҳанд.

Ахиран вазири амният ва адлияи Нидерландия Арн ван дер Стёр тасдиқ кардааст, ки ин маълумотро Русия 26 октябр дар Москва ба ихтиёри сафорати онҳо гузоштааст. Ба гуфтаи вазир, гап дар бораи маълумоти радиолокатсионӣ меравад.

Ҳавопаймои "Боинг-777", ки аз Амстердам ба Куала-Лумпур парвоз мекард, дар минтақаи низои шарқи Украина 17 июли соли 2014 суқут кард. Ҳамаи 298 мусофири ҳавопаймо кушта шуданд.

Охири моҳи сентябри соли ҷорӣ Гуруҳи тафтишотии байналхалқӣ таҳти роҳбарии додситонии Нидерландия бори аввал натиҷаҳои расмии таҳқиқотро нашр кард. Дар гузориш гуфта шудааст, мушаки навъи "Бук", ки бо он "Боинг"-ро заданд, аз Русия ба ҳудуди Украина бурда шудааст. Макони партоби мушак - деҳаи Первомай, ки дар ихтиёри ҷудоихоҳони русиягаро буд, нишон дода шудааст. Аммо ҳоло дақиқ нест, ки партоби мушак бо фармони низомиёни рус сурат гирифтааст ва ё ҷудоихоҳон худсарона ба ин амал даст задаанд. Ҳудуди 100 нафар дар ин қазия гумонбар дониста мешаванд.

Кремл мегӯяд, набояд гузориши мазкурро ҳамчун "ҳақиқати бебаҳс" қабул кард. Вазорати корҳои хориҷии Русия ин гузоришро "ғаразнок" номидааст.

XS
SM
MD
LG