Ссылки доступа

Кохи сафед: ҳамлаҳои ҳакерӣ кори рахнагарони рус аст


Ҷош Эрнест, сухангӯи Кохи сафед изҳороти Владимир Путин, президенти Русияро, ки гуфт, Москва дар рахнаи компютерҳои сиёсатмадорони маъруфи амрикоӣ даст надорад, рад кард.

"Бо вуҷуди гуфтаҳои Путин, маъмурияти Барак Обама, президенти ИМА ҳамоно бовар дорад, ки ба раванди интихоботи Амрико рахнагарони рус дахолат мекунанд", - гуфтааст сухангӯи Кохи сафед.

Ба гуфтаи вай, маъмурият дар ин бора ба хулосаи тамоми ҷомеаи иктишофии Амрико такя мекунад. "Рахнагарони рус омили асосии нигарониҳои амиқ ҳастанд. Бинобар ин, президент ва ёварони ӯ ҳоло шеваҳои посухи ИМА ба ҳамлаҳоро баррасӣ доранд", - афзудааст Эрнест.

Дар партави изҳороти Вашингтони расмӣ бештари шореҳон бар инанд, ки рахнаи почтаи электронии Владислав Сурков, ёвари Путин шояд посух ба амалҳои ҳакерони рус бошад. Паёмҳои маҳрамонаи Сурков бештар марбути талошҳои пешин ва кунунии Кремл оиди ноором кардани вазъ дар Украина ҳастанд.

Ҳамзамон манбаи телевизиони амрикоии NBC дар хадамоти иктишофӣ гуфтааст, ки Вашингтон дар рахнаи почтаи Сурков даст надорад. Манбаъ афзудааст, ин ки паёмҳо исбот мекунанд, ки Сурков мутасаддии ҷудоихоҳон дар шарқи Украина аст, қаблан низ маълум буд.

XS
SM
MD
LG