Ссылки доступа

Дар Туркия дастури боздошти 73 сарнишини низомӣ содир шуд


Мақомоти Туркия дастури боздошти 73 сарнашини низомиро содир карданд. Онҳо дар ҳамдастӣ ба талоши табаддулоти давлатӣ айбдор мешаванд.

Тавре расонаҳои Туркия менависанд, 45 сарнишин аллакай боздошт шуда, 28 нафари дигар дар ҷустуҷӯ ҳастанд. Ҳамаи онҳо рутбаҳои афсарӣ доранд.

Баъди талоши табаддулоти давлатӣ, ки дар пайи он 270 нафар кушта шуд, дар Туркия наздики 35 ҳазор шаҳрванд боздошт гардид. Нисбати 89 ҳазори дигар тафтиш анҷом шудааст.

Даҳҳо ҳазор корманди мақомоти махсус, аз ҷумла пулис, додгоҳ ва низоми таҳсилотӣ аз кор хориҷ шуданд. Туркия масъулияти талоши табаддулоти давлатиро, ки моҳи июли соли ҷорӣ сурат гирифт, бар дӯши руҳонии турк Фатҳуллоҳ Гюлен мегузорад. Аммо Гюлен ин иттиҳомотро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG