Ссылки доступа

Трамп ва Путин ба ҳамдигар ваъдаи мулоқот доданд


Владимир Путин, президенти Русия бо ҳамтои тозаинтихоби амрикоияш Доналд Трамп гуфтугӯи телефонӣ анҷом додааст. Тавре сомонаи Кремл иттилоъ медиҳад, суҳбат бо розигии тарафҳо сурат гирифтааст.

Путин Трампро барои пирӯзияш дар интихобот табрик гуфта, ба ӯ дар иҷрои барномаҳои пешазинтихоботияш комёбӣ таманно кардааст. Вай ҳамчунин барои муколамаи шарикӣ "бар пояи аслҳои баробарию эҳтироми ҳамдигар ва адами дахолат ба умури дохилии якдигар" изҳори омодагӣ кардааст.

Ба иттилои Кремл, зимни суҳбати Путину Трамп ба зарурати ташкили заминаҳои боэътимоди равобити дуҷониба тавассути рушди бахшҳои тиҷорию иқтисодӣ таъкид шудааст.

Раҳбарони Амрикову Русия оиди зарурати муттаҳид кардани талошҳо дар мубориза бо душмани рақами 1 - терроризм ва экстремизми байналмилалӣ табодули афкор ва инчунин масоили вобаста ба ҳалли низои Сурияро низ баррасӣ кардаанд.

"Ҷонибҳо созиш кардаанд, ки тамосҳои телефониро минбаъд низ идома дода, дар оянда мулоқоти шахсиро ба роҳ монанд, ки ҳоло намояндагони ҳар ду ҷониб ба ташкили он машғуланд", - афзудааст сомонаи Кремл.

XS
SM
MD
LG