Ссылки доступа

"Силоҳдор"-и Ризвон Содиров баъди 23 сол зиндонӣ шуд


Як сокини 56-солаи Нуробод барои пинҳон кардани силоҳҳои Ризвон Содиров, фармондеҳи саркаши нерӯҳои мухолифини Тоҷикистон 5,5 сол аз озодӣ маҳрум шудааст.

Додгоҳ Саидҷон Мирзоевро бар асоси қисми 2-и моддаи 195-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - “Нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ” гунаҳкор эълон кард. Як манбаъ аз Додгоҳи олии Тоҷикистон ба шарти ифшо нашудани номаш 2 декабр гуфт, Саидҷон Мирзоев замони ҷанги шаҳрвандӣ узви гуруҳи Ризвон Садиров буд.

Ӯ ҳарчанд баъди имзои Созишномаи сулҳ аз ин гуруҳ берун шуда шароити сулҳро пазируфт, вале як адад автомати навъи “Калашников”, се норинҷак, ҳашт тирдон ва наздик ба сесад дона тири марбут ба Ризвоновро пинҳон кардааст. Лавозимоти ҷангиро Саидҷон Мирзоев аз соли 1993 инҷониб дар шифти болохонаи манзилаш нигоҳ медоштааст.

Ризвон Содиров, ки Мирзоев дар пинҳон кардани силоҳҳои ӯ муттаҳам мешавад, соли 1997 дар шаҳри Душанбе кушта шуд. Ӯ қумандони Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ ба шумор мерафт. Замони ҷанги шаҳрвандӣ пас аз танг шудани мавқеи мухолифиин аз шарқи Тоҷикистон ба Афғонистон фирор кард, вале пас аз як гуфтугӯ бо ҷониби ҳукумат соли 1997 дубора ба Тоҷикистон баргашт.

Дар пайи як норизоӣ дубора даст ба силоҳ зад, вале кушта шуд. Аз ӯ як инсони бераҳм ёд мешавад. Ӯ дар ҳодисаҳои зиёди қатлу куштор, аз ҷумла шаҳрвандони хориҷӣ даст дошт, вале пурсарусадотарин ҷинояте, ки содир карда буд, ин гаравгонгирии гуруҳи хабарнигорони расонаҳои хориҷӣ ва кормандони СММ буд.

XS
SM
MD
LG