Ссылки доступа

Шикояти раиси ИЖҚ аз ҳукми додгоҳи Остона баррасӣ мешавад


Дар Додгоҳи Остона шикояти вакилони дифои Сайидқозӣ Матаев, раиси Иттифоқи журналистони Қазоқистон ва писараш Асат Матаев баррасӣ мешавад. Дар ҷаласа худи маҳкумшудаҳо ҳузур надоранд ва онҳоро фаъолони ҷомеаи маданӣ ва вакилони дифоъ намояндагӣ доранд.

Мадина Боқиева ва Андрей Петров, вакилони дифои Матаевҳо аз додгоҳ хостаанд, ки шоҳидонро бори дигар бозпурсӣ карда, натиҷаи баъзеи ташхисҳоро бекор ва аз маводи парванда берун кунад. Ба иддаои онҳо, зимни баррасии нахустини парвандаи Матаевҳо қоидавайронкунӣ сурат гирифтааст.

Додгоҳи Остона 3 октябри соли равон раиси ИЖҚ-ро 6 сол ва писараш Асет Матаев, мудири хабаргузории КазТАГ-ро 5 сол аз озодӣ маҳрум кард. Вале маҳкумшудаҳо ҳамаи айбҳои зиддашон эълоншуда - дӯздии пули буҷа ва саркашӣ аз пардохти андозро рад мекунанд.

Шикояти кассатсионии Матаевҳоро додрас Олма Есимова баррасӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG