Ссылки доступа

Қатъи фаъолияти даҳҳо нонпазхонаи Душанбе


Даҳҳо нонпазхонаи Душанбе дар пайи як дастури шаҳрдорӣ фурӯши нонро қатъ карданд. Шаҳрдории пойтахти Тоҷикистон амр кардааст, ки бо ҳадафи таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ ба дари нонвойхонаҳои барқӣ муҳр зада шавад.

Сиёвуш Одинаев, мутахассиси пешбари Хадамоти назорати нерӯи барқ мегӯяд, "аз 200 нонвойхонаи барқӣ дар Душанбе фаъолияти 111 тоашон қатъ шуда, 86 адади боқӣ ба навъи дигари сӯзишворӣ гузаштаанд".

Ба гуфтаи масъулони нонпазхонаҳое, ки ба истифодаи ангишту ҳезум гузаштаанд, эҳтимол дорад, ин иқдоми шаҳрдорӣ ба болоравии нон дар пойтахт сабаб шавад. Аз сӯи дигар, Фахриддин Набиев, як нонпази Душанбе мегӯяд, "бо ангишт нон пухтан он қадар мушкил ҳам набошад, ба саломатӣ зараровар аст.

Баръакси интизориҳо қатъи кори нонвойхонаҳои барқӣ ва ба сӯзишвории маъмулӣ гузаштани баъзеи онҳо зоҳиран ба қимати нон таъсири зиёд нагузоштааст. Мухтасар Султонова, яке аз фурӯшандаҳои нон гуфт, "ҳоло нарх боло нарафтааст ва мисли пешин нони калонро 3 сомонӣ мефурӯшанд.

Маълум нест, нонвойхонаҳои баста дар оянда сабаби боло рафтани нони ба истилоҳ бозорӣ мешаванд, ё не. Аммо мақомот мегӯянд, корхонаҳои бузурги нонпазии барқии Душанбе қодир ба таъмини тамоми аҳолӣ бо нон ҳастанд. Соҳибони 111 нонвойхона то замони гармӣ бояд мунтазир монанд ва манбаи дигаре барои таъмини хонаводаи худро бо нон пайдо кунанд.

Тоҷикистон ҳар сол дар айёми тирамоҳу зимистон бо камбуди нерӯи барқ рӯ ба рӯ мешавад. Президент Эмомалӣ Раҳмон низ охири моҳи ноябри имсол дар ҳамоиши оби Будапешт, дар Маҷористон гуфт, "Тоҷикистон захираҳои бузурги гидроэнергетикиро дошта бошад ҳам, ҳамасола дар фасли зимистон бо камбуди нерӯи барқ дучор мешавад, ки дар навбати худ боис ба мушкилоти мухталифи иҷтимоиву иқтисодӣ мегардад."​

XS
SM
MD
LG