Ссылки доступа

Дар Москва пайкараи Ислом Каримовро мегузоранд


Пайкараи президенти нахустини Ӯзбекистон Ислом Каримовро дар Москва дар гулгаште, ки аллакай ба номи вай гузошта шудааст, месозанд. Ин қарор дар ҷаласаи комиссияи санъати пайкарасозии Думаи шаҳрии Москва қабул шудааст.

Моҳи октябри соли ҷорӣ гулгаште дар минтақаи Якиманкаи Москва ба номи Ислом Каримов гузошта шуд.

Гулгашти мазкур дар наздикии консулгарӣ ва меҳмонхонаи Ӯзбекистон ҷойгир аст.

Президенти нахустини Ӯзбекистон Ислом Каримов 2 сентябри соли ҷорӣ дар синни 78-солагӣ аз сактаи мағзӣ фавтид.

XS
SM
MD
LG