Ссылки доступа

3 соли зиндон барои адои намоз бо шеваи Салафия


Як сокини 54-солаи шаҳри Душанбе ба пайравӣ аз равияи мамнуи Салафия айбдор шудааст. Ба ин ҷараён гаравидани ӯро аз рӯи намозхонии ғайримаъмулияш муайян кардаанд, менависад хабаргузории "Азия-плюс".

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури Душанбе Бахтиёр Игамбердиевро бар асоси моддаи 189-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Барангехтани адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ) 3 сол зиндонӣ кардааст.

Игамбердиев бар асоси шаҳодати имом-хатиби масҷиди "Ҳоҷӣ Миралӣ” боздошт шудааст. Имом-хатиб шикоят кардааст, ки яке аз намозгузорони масҷиди зери назари вай бо тарзи монанд ба намозгузории пайравони мазҳаби Салафия ва мухолифи меъёрҳои мазҳаби дар Тоҷикистон роиҷи Ҳанафия адои намоз мекунад.

Ӯ гӯиё ҳамчунин тарзи намозгузории дигар намозгузорони ин масҷидро танқид мекард, ки дуруст нест ва бо ин дар байни аҳли масҷид низоъ бармеангехтааст. Дар натиҷа Игамбердиев 2 сентябри соли 2016 баъд аз намози ҷумъа дар масҷиди "Ҳоҷӣ Миралӣ” дастгир шудааст.

Ин сокини пойтахт соли 2015 ба равияи мамнӯи Салафия гароидааст.

XS
SM
MD
LG