Ссылки доступа

Қодиров гуфт, сарбозонаш барои ҷанг бо "касифон" дар Сурия омодаанд


Рамзан Қодиров, президенти Чеченистон гуфтааст, агар Кремл дархост кунад, низомиёни кишвараш бо ҷону дил зидди "касифон" дар Сурия мубориза хоҳанд бурд.

Ин нуктаро Қодиров дар шарҳи хабари расонаҳои Русия оиди сафарбаршавии ду гуруҳи махсус аз Чеченистон ба Сурия барои ҳифозат аз пойгоҳи низомии Русия баён доштааст.

Қодиров иттилои мазкурро ҳарчанд тасдиқ кард, вале дар Instagram навишт, ки нерӯҳои мустақар дар Чеченистон агар ба Сурия фиристода шаванд, худро хушбахт медонанд.

"Барои ман ифтихор аст, ки бо дастури фаврии президент Владимир Путин барои ҷанг бо "касифон" ба Сурия равам. Душманро пеш аз расидан ба сарзамини ту бояд дар лонааш нобуд кард", - афзудааст Қодиров.

Русия барои ҳимоят аз режими Башор Асад сар аз моҳи сентябри соли 2015 дар Сурия зарбаҳои ҳавоӣ анҷом медиҳад, ки ин ба пешравии нерӯҳои ҳукуматӣ, бахусус дар шаҳри Ҳалаб сабаб шудааст.

Қодиров борҳо худ ва нерӯҳояшро "сарбозони Путин" хондааст. Вай соли равон зимни як суҳбати телевизионӣ гуфт, бо мақсади гирифтани маълумот "одамони худ"-ро ба сафи ҷангиёни гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" фиристодааст.

XS
SM
MD
LG