Ссылки доступа

ИМА ба шӯришгарони Сурия маҷмааи мушакӣ намедиҳад


Марк Тонер, намояндаи Департаменти давлатии ИМА мегӯяд, кишвараш ба шӯришгарони Сурия қасди интиқоли маҷмааи мушакии зиддиҳавоии сайёрро надорад.

Ин изҳорот дар пайи айбдоркуниҳои Русия нашр шуд, ки гуфт, ИМА мехоҳад ба шӯришгарони Сурия маҷмааи мушакии зиддиҳавоӣ бидиҳад ва эҳтимоли афтодани он ба дасти тундравон вуҷуд дорад.

Ба гуфтаи Тонер, ин бори нахуст нест, ки ИМА-ро айбдор мекунанд. "Вале воқеият ин аст, ки Иёлоти Муттаҳида ҳеч гуна маҷмааи мушакӣ ё монанди онро ба шӯришгарони Сурия додан намехоҳад", - афзудааст вай.

Қаблан Вазорати умури хориҷии Русия гуфт, иҷозати интиқоли силоҳ ба гуруҳҳои зиддиҳукуматии Сурия, аз ҷумла маҷмааи мушакии зиддиҳавоӣ, ки дар қонуни имзонамудаи президент Барак Обама дар бораи буҷаи дифоъ пешбинӣ шудааст, ба бадтар шудани вазъ дар ин кишвари арабӣ ва кушторҳои нав сабаб хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG