Ссылки доступа

Трамп аз Исроил хост, то маросими савгандёдкуниаш сабр кунад


Доналд Трамп, президенти тозаинтихоби ИМА дар пайи қабули як қатънома зидди Исроил дар Шӯрои амнияти СММ гуфтааст, иҷозат намедиҳад, ки нисбати Тел-Авив беэҳтиромӣ шавад. Вай дар Твиттер аз Исроил даъват кардааст, ки то маросими савгандёдкунияш, ки 20 январи соли 2017 баргузор мешавад, сабр кунад.

Ба гуфтаи Трамп, ИМА ҳамеша барои Исроил "дӯсти хуб" буд, вале вазъ баъди созиши ҳастаӣ бо Эрон, ки Тел-Авив аз он интиқод кард, тағйир ёфтааст. Рӯзи 16 январи соли равон таҳримҳое, ки дар пайи гумони талошҳои Теҳрон барои омода сохтани силоҳиҳастаӣ зидди Эрон ҷорӣ шуда буд, бекор шуданд.

Шӯрои амнияти СММ 23 декабри соли равон бо қабули як қатънома аз Исроил талаб кард, ки шаҳраксозиҳои худро дар заминҳои фаластиниён қатъ кунад. Ба ҷонибдорӣ аз ин қатънома 23 кишвар раъй дода, кишварҳои узви шӯро ва ИМА худдорӣ карданд.

Вашингтон тайи чанд соли ахир бори нахуст ба ҳуҷҷати зиддиисроилӣ вето нагузошт. Натаняҳу он замон аз маъмурияти кунунии ИМА шадидан интиқод карда, онро ба равобити махфӣ бо фаластиниён айбдор кард. Бинёмин Натаняҳу, сарвазири Исроил низ дар навбати худ ба Трамп барои "дӯстии гарму ҳимояти қотеаш аз Тел-Авив" миннатдорӣ баён кардааст.

XS
SM
MD
LG